Ифтитоҳи як мактаби муосир дар Ҳисор бо иштироки сарвари давлат

Имрӯз дар маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби зебою муосири таҳсилоти ҳамагонӣ, ки барои 1700 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи мактаб, аз ҷумла зикр гардид, ки ин муассисаи замонавӣ бо харҷи 11 […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби зебою муосири таҳсилоти ҳамагонӣ, ки барои 1700 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи мактаб, аз ҷумла зикр гардид, ки ин муассисаи замонавӣ бо харҷи 11 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст. Мактаб аз 42 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла 10 синфхонаи фаннӣ, ки барои дарсҳои кор бо компютер, физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзии духтарону писарон ва ғайра пешбинӣ шудаанд, иборат мебошад.

Толори маҷлисии мактаб, ки дорои 225 ҷойи нишаст мебошад, ҳамчунин дорои имконоти баргузории маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ аст. Ошхонаи мактаб бо 200 ҷойи нишаст дорои шароити хуби омодасозӣ ва пешниҳоди хӯрокҳои гунонун барои хонандагону омӯзгорон аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълиму тарбияи мактаб бевосита шинос шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва ободонии атрофи он дастуру ҳидоятҳо дод.

Бо изҳори норозигӣ аз тарҳ ва сифати сохтмону таҷҳизи толори варзишии мактаб дастур дода шуд, ки бо тарҳи наву зебо як толори дигар барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ сохта шавад.

Аз устодону омӯзгорон ва падару модарон даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби таълиму тарбия дар мактабҳои наву муосир таълиму тарбияи фарзандонро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд, то ки аз онҳо насли солиму ояндасози кишвар бар камол расад.

Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба омодагии ҷиддӣ ба солгарди сеҳазораи Ҳисор, ки соли 2015 таҷлил мегардад, аз ҷумла доир ба бунёди даҳҳо иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ва фарҳангӣ дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.