Анҷоми боздиди ходимони дин аз манотиқи ҷумҳурӣ

Сафари раҳбарияти Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба минтақаҳои кишвар ба итмом расид. Муовини раиси Кумитаи умури дин Мавлон Мухторов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳамроҳи раиси Кумитаи умури дин Абдураҳим Холиқов ва муовинони ӯ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва […]

ASIA-Plus


Сафари раҳбарияти Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба минтақаҳои кишвар ба итмом расид.

Муовини раиси Кумитаи умури дин Мавлон Мухторов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳамроҳи раиси Кумитаи умури дин Абдураҳим Холиқов ва муовинони ӯ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ боздид намуда, бо аҳли ҷомеа вохӯриҳо баргузор карданд. Чунин вохӯрӣ имрӯз, 6-уми сентябр дар Душанбе низ доир мегардад.

«Дар вохӯриҳо бо аҳолӣ мо муҳтавои суханронии рӯзи 4-уми июли президенти мамлакат бо ходимони дин ва аҳли ҷомеаро шарҳу тавзеҳ додем. Аҳли ҷомеа сиёсати сарвари давлатро дастгирӣ намуда, ҷонибдори сулҳу субот дар ҷумҳурӣ аст», – гуфт Мавлонов.

Ба қавли номбурда, зимни вохӯриҳо дархостҳое аз қабили ба масоили динӣ дахолат накардани аҳзоби сиёсӣ ва аз номи ҲНИТ хориҷ шудани вожаи «ислом» садо доданд.

Ёдрас мекунем, ки дар мулоқоти зикршудаи президент бо ходимони дин ва аҳли ҷомеа руҳониёни маъруфи ҷумҳурӣ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки калимаи «ичлом» аз номи ҲНИТ хориҷ карда шавад, зеро дин ба ҳизб ниёз надорад. Аз 15 нафар имомхатибон панҷ нафар ин пешниҳодро ироа карда, аҳли толор онро бо кафкӯбиҳои бардавом дастгирӣ намуданд.

«Фаъолони ҲНИТ мегӯянд, ки агар касе аъзои ҳизби исломӣ набошад, ӯ мусулмон нест. Магар танҳо мансубият ба ин ҳизб то чӣ андоза мусулмон будани моро муайян мекунад? Ва умуман ҳизби сиёсӣ бояд на аз номи ислом масъалагузорӣ кунад, балки ба сиёсат машғул бошад», – изҳор дошта буданд ходимони дин.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.