Масъалаи ҳамкории Тоҷикистону БИР дар бахши нақлиёт дар Аламато баррасӣ шуд

Аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Алмаато зимни мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов бо мудири намояндагии минтақавии Бонки Исломии Рушд (БИР) Хишам Толиб Маъруф масоили амалисозии лоиҳаҳо дар бахши нақлиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар рафти мулоқот атрофи масъалаи рафти иҷроиши корҳо дар лоиҳаҳои таҷдиди китъаҳои роҳи Шоғун-Зиғар […]

ASIA-Plus


Аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Алмаато зимни мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов бо мудири намояндагии минтақавии Бонки Исломии Рушд (БИР) Хишам Толиб Маъруф масоили амалисозии лоиҳаҳо дар бахши нақлиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар рафти мулоқот атрофи масъалаи рафти иҷроиши корҳо дар лоиҳаҳои таҷдиди китъаҳои роҳи Шоғун-Зиғар (марҳилаи 3) ва Шӯрообод-Шоғун дар шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалаи Хумб табодули назар сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки лоиҳаҳои зикршуда бо маблағгузории БИР мавриди амалишавӣ қарор доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми азхудкунии маблағҳои қарзии БИР дар Тоҷикистон ҳудуди 110 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин маблағҳо ба амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои коммуникатсияи нақлиёт, энергетика, тандурустӣ ва маориф масраф гардидаанд.

Соли 2012 барои пардохти қарзи БИР аз буҷети давлатии ҷумҳурӣ беш аз 2,6 млн. доллари ИМА ҷудо карда шуд. Меъёри фоизи қарзҳои БИР ҳудуди 2%-и солонаро ташкил медиҳад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.