Масъалаи ҳамкории Тоҷикистону БИР дар бахши нақлиёт дар Аламато баррасӣ шуд

Date:


Аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Алмаато зимни мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов бо мудири намояндагии минтақавии Бонки Исломии Рушд (БИР) Хишам Толиб Маъруф масоили амалисозии лоиҳаҳо дар бахши нақлиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар рафти мулоқот атрофи масъалаи рафти иҷроиши корҳо дар лоиҳаҳои таҷдиди китъаҳои роҳи Шоғун-Зиғар (марҳилаи 3) ва Шӯрообод-Шоғун дар шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалаи Хумб табодули назар сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки лоиҳаҳои зикршуда бо маблағгузории БИР мавриди амалишавӣ қарор доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми азхудкунии маблағҳои қарзии БИР дар Тоҷикистон ҳудуди 110 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин маблағҳо ба амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои коммуникатсияи нақлиёт, энергетика, тандурустӣ ва маориф масраф гардидаанд.

Соли 2012 барои пардохти қарзи БИР аз буҷети давлатии ҷумҳурӣ беш аз 2,6 млн. доллари ИМА ҷудо карда шуд. Меъёри фоизи қарзҳои БИР ҳудуди 2%-и солонаро ташкил медиҳад.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...