Кӯмакпулии президент ба нафақахӯрони Кӯлоб

Дар мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Истиқоли ҷумҳурӣ мушовири президенти ҶТ Муҳибулло Сафаров аз номи сарвари давлат ба 10 нафар нафақахӯрони таъиноти ҷумҳуриявии мамлакат ба ҳар кадоме дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ супурд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Кӯлоб хабар дод, миёни ин нафақахӯрон Омӯзгори шоистаи […]

Турко Дикаев


Дар мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Истиқоли ҷумҳурӣ мушовири президенти ҶТ Муҳибулло Сафаров аз номи сарвари давлат ба 10 нафар нафақахӯрони таъиноти ҷумҳуриявии мамлакат ба ҳар кадоме дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ супурд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Кӯлоб хабар дод, миёни ин нафақахӯрон Омӯзгори шоистаи Тоҷикистон Екатерина Смирнова низ ҳузур дошт. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Екатерина Смирнова изҳор намуд, ки ӯ соли 1957 тибқи роҳхат пас аз хатми омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Лукояновои вилояти Горкий (феълан Нижний Новогород) ба Тоҷикистон омадааст.

Дар деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои Ховалингу Восеъ кор карда, муддати 29 соли ахир то ба нафақа баромадан дар мактаби ба номи Иличи ноҳияи Кӯлоб фаъолият доштааст. «Ман ба Тоҷикистон чунон дил бастам, ки ҳатто дар бораи тарки он андешае ҳам накардаам», – гуфт Смирнова ва илова намуд, ки писараш ҳам дар Кӯлоб иқомат дошта, вале духтарашро, ки хизматчии ҳарбӣ аст, ба вилояти Свердловски Русия сафарбар намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, айни замон дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб 17 ҳазору 987 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда, рӯзи ҷашни Истиқлолият ба як қисмати муайяни онҳо аз номи раиси вилояти Хатлон, раиси шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорони ҷудогона туҳфаҳо тақдим хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.