А.Сатторов: Ба ситоди махсус дар интихобот журналистон ниёз надоранд

Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, узви КМИР ҶТ Акбаралӣ Сатторов бар ин назар аст, ки дар давраи баргузории маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон журналистон ба таъсиси мақоми махсуси ҳимоят аз ҳуқуқҳои худ ниёз надоранд. «Мо аз таъсиси кадом як ситоде барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои журналистон дар ҷараёни баргузории маъракаи интихобот огаҳӣ пайдо намудем. Фикр мекунам, ки […]

Пайрав Чоршанбиев


Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, узви КМИР ҶТ Акбаралӣ Сатторов бар ин назар аст, ки дар давраи баргузории маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон журналистон ба таъсиси мақоми махсуси ҳимоят аз ҳуқуқҳои худ ниёз надоранд.

«Мо аз таъсиси кадом як ситоде барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои журналистон дар ҷараёни баргузории маъракаи интихобот огаҳӣ пайдо намудем. Фикр мекунам, ки барои таъсиси чунин ситод ҳеҷ зарурате мавҷуд нест», – гуфт зимни мизи гирди имрӯза А.Сатторов.

Раиси Иттиҳоди журналистон чунин мешуморад, ки аз ҳуқуқи журналистон барои қабул ва паҳн кардани маълумот қонунгузориҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҳимоят карда, журналистонро дар ин давра зарур аст, ки бо қонунгузории ҷумҳурӣ дар бораи интихобот ва таҷрибаи кишварҳои дигар дар баргузории чунин чорабиниҳо «мусаллаҳ» шаванд.

Ба андешаи А.Сатторов, миёни аъзои Комиссияи марказии интихобот ҳузур доштани раиси Иттиҳоди журналистон гувоҳи он аст, ки ҳукуматдорон нияти шаффоофона баргузор намудани интихоботро доранд. «Ман ҳамеша ҳамкоронамро ҳимоя мекунам ва минбаъд низ идома хоҳам дод», – афзуд номбурда. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.