Роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Мозамбик

Date:


Рӯзи 5-уми сентябри соли равон дар Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мозамбик баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ва Намояндаи доимии Мозамбик дар СММ ҷаноби Антонио Гуменде ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, пас аз маросими имзо сафирони Тоҷикистон ва Мозамбик дар мавриди масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани муносибатҳои дустӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар ва масъалаҳои мухталифи рӯзномаи СММ мубодилаи афкор намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related