Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар маҷмааи давлатии кинову консерти «Кохи Борбад» бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони сохторҳои ҳукумат, вакилони парлумон, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе ва аҳли ҷомеа ба муносибати 22-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон маҷлиси ботантана ва консерти устодони ҳунар доир мегардад. Оғоз соати 09:00; – Даври 12-уми мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол. […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар маҷмааи давлатии кинову консерти «Кохи Борбад» бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кормандони сохторҳои ҳукумат, вакилони парлумон, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе ва аҳли ҷомеа ба муносибати 22-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон маҷлиси ботантана ва консерти устодони ҳунар доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

– Даври 12-уми мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол. «Хайр» – «Истаравшан» (Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»), «Истиқлол» – «Равшан» (Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»), «Энергетик» – «Хуҷанд» (Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»). Оғози бозиҳо соати 16:30;

– Дар толори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон (кӯч. Ҷ.Расулов, 69) музоядаи аломатҳои давлатии бақайдгирии силсилаи ВН, қитъаи 1 баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00;

– Дар варзишгоҳи «Спартак» бахшида ба ҷашни Истиқлол иқдоми «Кино зери осмони кушод» баргузор мешавад. Арзиши билет 10 сомонӣ. Оғоз соати 20:00.



Қурби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7670

сомонӣ;


1

евро

– 6.1111

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1485

сомонӣ.



Як рӯзи таърих




1934

– Қуллаи аз ҷиҳати баландӣ дуюми ИҶШС – қуллаи Ленин (7134 м) фатҳ карда шуд.


1992

– Нерӯҳои мухолифин президенти  ҶТ Р.Набиевро ба истеъфо маҷбур карданд.


1994

– Матни нави Гимни давлатии Тоҷикистон (шеъри Г.Келдӣ, оҳанги С.Юдаков) тасдиқ гардид.


1946

– Зодрӯзи нависанда Адаш Истад.


1961

– Мавлуди оҳангсоз Хуршед Ниёзӣ.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +29+34.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +24+29.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +30+35.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +13+18, рӯзона +32+37;  дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +16+21.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.