Эмомалӣ Раҳмон вазири давлатии Британияро ба ҳузур пазируфт

Нимаи дуюми рӯзи 6-уми сентябр президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир ва вазири корҳои дин ва ҷомеа Баронесса Саида Варсиро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд. Барои густариши бештари робитаҳои дуҷониба таҳкими […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 6-уми сентябр президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир ва вазири корҳои дин ва ҷомеа Баронесса Саида Варсиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.

Барои густариши бештари робитаҳои дуҷониба таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла ба имзо расондани лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ҳамчунин дар бораи алоқаи ҳавоӣ зарур дониста шуд. Таъкид гардид, ки чунин заминаи ҳуқуқӣ метавонад боиси ҳамкории бесобиқаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ гардад.

Тавсиаи ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва иртиботот дорои дурнамои умедбахш номида шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироии ду кишвар барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба эҳёи иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.