Нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти ғизойӣ ҳамоно коҳиш меёбанд

Бино ба иттилои Такшкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) аллакай муддати чор моҳ аст, ки индекси нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ ҳамоно коҳиш меёбад ва дар моҳи август ба нишондиҳандаи пасттарин бо ҳисоб аз моҳи июни соли 2012 расидааст. Индекси нархҳо бар асоси сабади маҳсулоти ғизоии дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта ҳисоб шуда, моҳи август […]

Пайрав Чоршанбиев


Бино ба иттилои Такшкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) аллакай муддати чор моҳ аст, ки индекси нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ ҳамоно коҳиш меёбад ва дар моҳи август ба нишондиҳандаи пасттарин бо ҳисоб аз моҳи июни соли 2012 расидааст.

Индекси нархҳо бар асоси сабади маҳсулоти ғизоии дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта ҳисоб шуда, моҳи август 201,8 бандро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо моҳи августи соли гузашта 4 банд ё худ 5,1% поинтар аст.

Коршиносони ФАО сабаби ин тамоилро ба коҳиши босуръати нархҳои ҷаҳонӣ ба зироати ғалладона ва равғану чарбуи растанӣ рабт медиҳанд. «Коҳиши босуръъати нархҳо ба пешгӯиҳои афзоиши қобили мулоҳизаи истеҳсоли зироати ғалладона дар соли равон, бахусус барқароршавии назарраси захираҳои зиhоати ғалладона марбут аст», – мегӯянд коршиносони ташкилот.

Тибқи пешгӯии ФАО оид истеҳсоли зироати ғалладлона дар ҷаҳон дар соли 2013, ҳаҷми ҳосили он бояд ҳудуди 2,5 млрд. тоннаро ташкил диҳад. Ин ҳаҷм рекордӣ буда, нисбат ба ҳаҷми истеҳсоли зироати ғалладолна дар соли 2012 ба миқдори 179 млн. тонна ё худ 7,7% бештар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.