Омодагирии Душанбеву Маскав ба сафари Наришкин ба Тоҷикистон

Чанде қабл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Кумита оид ба корҳои ИДМ ва робита ба ҳамватанони Думаи Давлатии Русия Леонид Слутский ва мушовири раиси Думаи Давлатии Русия Михаилро Кротовро ба ҳузур пазируфт, ки ҷиҳати таҳияи барномаи сафари раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин ба Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи октябр дар […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Кумита оид ба корҳои ИДМ ва робита ба ҳамватанони Думаи Давлатии Русия Леонид Слутский ва мушовири раиси Думаи Давлатии Русия Михаилро Кротовро ба ҳузур пазируфт, ки ҷиҳати таҳияи барномаи сафари раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин ба Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи октябр дар Душанбе қарор доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод, М.Убайдуллоев ба сатҳи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Русия дар бахшҳои сиёсату иқтисод, фарҳанг ва муносибатҳои байнипарлумонӣ баҳои баланд дода, изҳори итминон кард, ки сафари Сергей Наришкин ба Душанбе ба рушди ин ҳамкориҳо такони нав хоҳад бахшид.

«Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, ҳимояти марзи давлатӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм, танзими равнди муҳоҷирати меҳнатӣ, афзоиши шумори мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон ва ташкили курсҳои омӯзиши забони русӣ табодули назар намуданд», – зикр кард Саидов.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.