Ҳушдори ФАО аз оқибатҳои талафоти ғизо барои муҳити зист

Date:


Дар гузориши Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) таҳти унвони «Оқибатҳои партовҳои ғизойӣ: таъсир ба захираҳои табиӣ» оқибатҳои партовҳои ғизо барои муҳити зист, бахусус иқлим, захираҳои обу замин ва гуногуншаклии биологӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Ба эътиқоди муаллифони гузориш, 1,3 млрд. тонна ғизои дар саросари сайёра истеҳсолшуда ба партовҳои ғизо табдил гардида, зиёни иқтисодии ҳамасола аз талафоти ғизо 750 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«Талафоти ғизо ба устувории таъминот бо ғизо таъсири бузург дошта, агар мо ин талафотро коҳиш диҳем, афзудани истеҳсоли маҳсулоти ғизойӣ ва масрафи захираҳои табиӣ барои он зарурати зиёд надорад», – изҳор доштааст роҳбари ФАО Гратсиано да Силва.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми обе, ки барои истеҳсоли маҳсулоти ғизойии партобмешуда масраф мегардад, бо ҳаҷми солонаи маҷрои дарёи Волга баробар буда, сарчашмаи партоби 3,3 гигатонн газҳои буғӣ ба атмосфера мебошад.

Бино ба маълумоти ФАО, 54%-и партовҳои ғизойӣ дар саросари ҷаҳон дар марҳилаи истеҳсол, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳосил партофта шуда, 46%-и он зимни коркард, фурӯш ва истеъмол талаф меёбанд.

Ба сифати тадбирҳои пешгирӣ муаллифони гузориш коҳиш додани ҳаҷми партовҳои ғизойӣ, истифодаи такрории маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳолати истеҳсоли дубораи он, дарёфти бозорҳои дуввумдараҷаи фурӯш ё расонидани кӯмаки ғизойӣ ба қишри аҳолии осебпазирро тавсия медиҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...