Дар ҳайати нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар мониторинги маъракаи интихоботи президенти Озарбойҷон ширкат меварзанд. Интихоботи президенти Озарбойҷон санаи 9-уми октябри соли равон доир мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ Абдуманнон Додоев хабар дод, ба ҳайати гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ сармушовири президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Хурсандмурод Мирзоев ва сардори шуъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Дӯстмурод Муродов шомил гардидаанд.
Айни замон шумори номзадҳои сабтиномшуда ба мансаби президентӣ дар Озарбойҷон 9 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо президенти амалкунандаи Озарбойҷон, раиси ҳизби ҳокими «Ени Озарбойҷон» Илҳом Алиев низ ҳузур дорад. Роҳбарони мухолифини Озарбойҷон пешбарии Илҳом Алиев ба мансаби президентӣ маротибаи сеюм пай дар пайро ғайриқонунӣ мешуморанд.

