Нархи гандуму орд дар Тоҷикистон коҳиш меёбад


Бино ба пешгӯии таҳлилгарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, тӯли моҳҳои оянда ба туфайли ҳосили хуби баландтар аз сатҳи миёна нархи орду гандуму маҳаллӣ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ коҳиш меёбад.

«Бо анҷоми ҷамъоварии ҳосил дар ҷумҳурӣ ва мавҷуд будани ин гуна маҳсулоти воридотии арзон аз Қазоқистон, нархи маҳсулоти ғалладонагӣ ва орди гандум поин меравад ё устувор боқӣ мемонад», – гуфта мешавад дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон, ки ҳар моҳ тибқи лоиҳаи Барномаи рушдии СММ аз ҷониби Вазорати мазкур омода мегардад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки моҳи август нархҳо ба маҳсулоти ғалладонагӣ ва орди гандум дар бозорҳои кишвар устувор буданд.

Ба иттилои Вазорат, аввали моҳи сентябр нархи миёнаи як халта (50 кило) орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ 128 сомонӣ (27 $) ва аввали моҳи август – 130 сомониро ташкил додааст. Нархи миёнаи як халта (50 кило) орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон бошад, дар бозорҳои пойтахт аввали ҳамин моҳ 135 сомонӣ (28,3$) ва аввали моҳи август – 130 сомониро ташкил додааст. 

spot_imgspot_img

Популярное