Натиҷагирӣ аз ҳамкориҳои БМТ ва БҶ дар бахши назорати бонкӣ

Дар мулоқоти имрӯзаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари бахши хусусӣ ва молиявии бонки номбурда оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Палома Анос Касеро масъалаҳои ҳамкориҳои мавҷудаи дуҷонибаи судманд ва дурнамои онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Тавре хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷараёни […]

ASIA-Plus


Дар мулоқоти имрӯзаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари бахши хусусӣ ва молиявии бонки номбурда оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Палома Анос Касеро масъалаҳои ҳамкориҳои мавҷудаи дуҷонибаи судманд ва дурнамои онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Тавре хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ ва мулоқоти муфид ҷонибҳо аз натиҷаҳои хуби ҳамкориҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллӣ дар бахши назорати бонкӣ, авнавсозии низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз намуданд, ки дар ин ҷода таҷрибаи бой ва қобили дастгирӣ ба даст омадааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мавриди дурнамои идомаи муносибатҳои дуҷониба хонум Палома Анос Касеро ва Абдуҷаббор Ширинов ҷонибдории худро барои дар амал татбиқ намудани Лоиҳаи бахши молиявӣ, ки яке аз ҷузъҳои он инкишоф ва назорати бозори суғуртаро дар бар мегирад, баён карданд.

«Ҳамчунин, дар ҷараёни баррасии ин масъала, изҳор гардид, ки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ болои лоиҳаи номбурда мулоқоту машварат ва музокиротҳои кориро идома хоҳанд дод», – гуфта мешавад дар хабари хадамоти матбуоти БМТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.