Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Роберт Блейк дар Ню-Йорк

Рӯзи 26-уми сентябри соли ҷорӣ дар Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар Ню-Йорк муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо ёвари котиби давлатии ИМА дар масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк ва Фиристодаи вежаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масъалаҳои боздоштгоҳи Гуантанамо Клиф Слоан мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои […]

ASIA-Plus


Рӯзи 26-уми сентябри соли ҷорӣ дар Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар Ню-Йорк муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо ёвари котиби давлатии ИМА дар масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк ва Фиристодаи вежаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масъалаҳои боздоштгоҳи Гуантанамо Клиф Слоан мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА мавриди муҳокима қарор гирифта, омодагии тарафайн ба идома ва густариши бештари ҳамкорӣ байни ду кишвар таъкид гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 68-уми Маҷмаи Умумии СММ ҳамчунин Низомиддин Зоҳидов бо муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Давид Залкалианӣ гуфтушунид кард.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни он мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва масъалаҳои минтақавии мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.