КМИР ба ҳар номзад 30 дақиқа эфири телевизионӣ медиҳад

spot_imgspot_img

Дата:


Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон пас аз расман бақайдгирри номзадҳо ба мансаби президентӣ, онҳо ба суханронии 30-дақиқаинаи ройгон дар ҳар кадоме аз шабакаҳои давлатии телевизионӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, ба шахсони бовариноки номзадҳо низ дар ҳар кадоме аз шабакаҳои давлатии телевизионӣ 20 дақиқа эфир дода мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин номзадҳо ҳуқуқ доранд, ки дар матбуотӣ расмӣ маълумот дар бораи барномаҳои пешазинихоботии худ дар ҳаҷми 10 саҳифаи чопӣ (шрифти 14)-ро низ ба нашр расонанд.

Додоев зикр кард, ки айни замон КМИР масъалаи тартиби пахши ройгони роликҳои рекламавии номзадҳо дар шабакаи давлатиро мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол ӯ, зикр кард, ки бо номбар кардани номзадҳои пешбаришуда ба сифати номзад ба мансаби президентӣ, имрӯз баъзе аз ВАО ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. «Танҳо пас аз пешниҳоди рӯйхати 210 ҳазор имзои интихобкунандагон ба ҷонибдории худ  ва гирифтани шаҳодатномаи дахлдор, онҳоро метавон номзад ба мансаби президентӣ номид», – иброз дошт ӯ.

Ӯ хотирррасон намуд, ки ҷраёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо то 7-уми октябр идома ёфта, сипас бақайдгирии расмии онҳо ва марҳилаи таблиғоти пешазинтихоботӣ оғоз мегардад.

Намояндаи КМИР ҳамчунин ахбори бархе аз ВАО дар бораи номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) будани О.Бобоназароваро хато унвон кард. «ИНИТ субъекти ваколатдории пешбарии номзад ба мансаби президентӣ маҳсуб намеёбад ва имрӯз О.Бобоназарова номзади танҳо аз ҲНИТ пешбаришуда аст», – таъкид дошт намояндаи КМИР ҶТ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) низ изҳор дошта буд, ки аз номзадии О.Бобоназарова дастгирӣ хоҳад кард. Анҷумани пешазинтихоботии ҲСДТ ба рӯзи 6-уми октябр, як рӯз қабл аз анҷоми маъракаи ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номазадҳо таъин шудааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) номзади худ ба мансаби президентиро дар анҷумани пешазинтихоботиаш рӯзи 4-уми октябр дар Душанбе пешбарӣ менамояд.

Ҳамин тариқ, то имрӯз шаш ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд. Аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Иттифоқи ҷавонон ва Итифоқҳои касабаи Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...