КМИР: Ҷамъоварии имзоҳо аз ҷониби намояндагони ҲСДТ ғайриқонунӣ аст

– Кӯшишҳои ҷудогонаи ҷамъоварии имзоҳо аз ҷониби намояндагони Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба ҷонибдории номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова ғайриқонунианд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев. Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи талаботи меъёрҳои қонунгузории кишвар, то замони баргузории анҷумани пешазинтихоботӣ ва пешбарии номзад ба мансаби президентӣ дар […]

Аваз Юлдошев


– Кӯшишҳои ҷудогонаи ҷамъоварии имзоҳо аз ҷониби намояндагони Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба ҷонибдории номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова ғайриқонунианд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи талаботи меъёрҳои қонунгузории кишвар, то замони баргузории анҷумани пешазинтихоботӣ ва пешбарии номзад ба мансаби президентӣ дар он аз ҷониби ҳизб, намояндагони ҳизб ба ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории ҳеҷ кадоме аз номзадҳо ҳуқуқ надоранд.

«Маҳз бо ҳамин сабаб чанд рӯз қабл раиси ноҳияи Шаҳристон тасдиқи варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро ба ҷонибдории номзад аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова ба намояндагони ҲСДТ рад кард», – иброз дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи сипаришуда раҳбарияти ҲСДТ дар бораи

аз санаи 6 ба 12-уми октябр

гузаронидани баргузории анҷумани ҳизб тасмим гирифт.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук навиштааст, ки бо сабабҳои гуногуни объективӣ ва субъективии дохилиҳизбӣ, ҷараёни интихобот, хусусан ҷамъоварии имзоҳо, аз ҷумла ба дастгирии номзади ягона аз ИНИТ, маҳдудиятҳо ва қонуншиканиҳо дар ин ҷараён, ки таҳлилталаб мебошанд, ва бо дастрасии он, ки рӯзи 11.10. с. 2013 ҳамчун рӯзи охирини қайдгирии номзадҳо ба вазифаи президенти ҶТ муқаррар гардидааст, ҲСДТ анҷумани ғайринавбатии худро, ки ба рӯзи 6-уми октябр таъин гардида буд, рӯзи 12-уми октябр баргузор менамояд.

«Рӯзи баргузории анҷумани ҳизбро ба санаи 12-уми октябр мавқуф гузоштем, то ки сипас дар бораи мавқеи худ маълумот диҳем», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Р.Зойиров.

Раиси ҲСДТ илова намуда буд, ки «ҲСДТ Ойниҳол Бобоназароваро ҳамчун номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ҷонибдорӣ мекунад» ва «аъзои ҳизби мо дар ситодҳои маҳаллии ИНИТ фаъолият доранд».

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз шаш ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд.

Аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Иттифоқи ҷавонон ва Итифоқҳои касабаи Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) номзади худ ба мансаби президентиро дар анҷумани пешазинтихоботиаш рӯзи 4-уми октябр дар Душанбе пешбарӣ менамояд. Интизорӣ меравад, ки ин номзад президенти амалкунанда, раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.