Ба ҷонибдории О.Бобоназарова 110 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд

То ин замон ба ҷонибдории номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова 110 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ситоди пешазинтихоботии номзад Абдуқаюми Қаюмзод хабар дод, тибқи маълумоти ахири имрӯза аз тамоми ситодҳои пешазинтихоботӣ дар шаҳру навоҳӣ, шумори умумии имзоҳои гирдоваришуда 110 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Субҳи имрӯз […]

ASIA-Plus


То ин замон ба ҷонибдории номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова 110 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ситоди пешазинтихоботии номзад Абдуқаюми Қаюмзод хабар дод, тибқи маълумоти ахири имрӯза аз тамоми ситодҳои пешазинтихоботӣ дар шаҳру навоҳӣ, шумори умумии имзоҳои гирдоваришуда 110 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Субҳи имрӯз корманди ситоди пешазинтихоботӣ Раҳматулло Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки то имрӯз ҳамагӣ 49 ҳазору 772 имзо ҷамъоварӣ шудааст.

Ба гуфтаи Қаюмзод, ин маълумоти ду рӯзи қаблӣ буда, имрӯз шумори имзоҳо дақиқан ҳисоб карда шудаанд ва дар давоми ду рӯз ба ҷонибдории Бобоназарова 60 ҳазору 278 имзо гирдоварӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, муҳлати ниҳоии ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ то 7-уми октябр таъин шудааст, аммо дар КМИР дароз кардани ин муҳлатро аз эҳтимол дур намедонанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.