Номзадии Э.Раҳмон ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд

Президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби президенти ояндаи мамлакат пешбарӣ шуд. Дар анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон раисаш аст, номзадии сарвари давлат якдилона ҷонибдорӣ шуд. Дар анҷуман бо иштироки беш аз 1 ҳазор нафар вакилон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда натавонист. Дар анҷуман раисони […]

Аваз Юлдошев


Президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби президенти ояндаи мамлакат пешбарӣ шуд.

Дар анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон раисаш аст, номзадии сарвари давлат якдилона ҷонибдорӣ шуд.

Дар анҷуман бо иштироки беш аз 1 ҳазор нафар вакилон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда натавонист. Дар анҷуман раисони ҳарду палатаҳои парлумони кишвар ҳузур доштанд.

Пас аз анҷоми расмиёти анҷуман нахуст раиси ташкилоти вилоятии ҲХДТ дар ВМКБ Ҷонибек Қозибеков суханронӣ намуда, аз вакилон дархост кард, ки аз номзадии раиси ҳизб, президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби президенти ояндаи кишвар ҷонибдорӣ карда шавад. Ин пешниҳоди вакили анҷуман бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифта шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд.

Аз ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Раҳматилло Зойиров рӯи 28-уми сентябр эълом дошт, ки санаи баргузории анҷумани пешазинтихоботишаро аз 6 ба 12-уми октябр гузаронид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.