Зуҳуров: Сарфи назар аз фишорҳо, Тоҷикистон шарики боэътимоди Русия боқӣ мемонад


«Дар муқоиса «бо баъзе кишварҳо» Тоҷикистон мавқеи стратегии худро тағйир надода, шарики боэътимоди Русия боқӣ мемонад», – изҳор кард раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқоти имрӯза бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, «Зуҳуров ба Наришкин хотиррасон намуд, ки 1-уми октябр вакилони парлумони Тоҷикистон ду созишномаи муҳим барои ҷонибҳо – Созишномаҳо дар бораи мақоми ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ва тартиби будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ба тасвиб расониданд».

«Вокуниши шадиди бархе аз ВАО, бахусус дар бастагӣ ба қарори нишасти сарони кишварҳои СААД дар Сочи оид ба расонидани кӯмаки низомӣ ба Тоҷикистон, гувоҳи он аст, ки ба доираҳои муайяне ин қарорҳо чандон мақбул нест», – гуфтааст Зуҳуров.

Ба гуфтаи Султонов, дар вохӯрӣ Зуҳуров ба масоили марбут ба мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ишора намуда, изҳори таассуф кардааст, ки имрӯз мавзӯи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бештар бо мақсадҳои пиёда сохтани аҳдофи сиёсӣ истифода мешавад ва ҳатто донишҷӯёни тоҷики муқими Русия низ дар ин радиф қарор гирифтаанд.

Тибқи маълумоте, ки Тоҷикистон дар даст дорад, имрӯз 29 нафар донишҷӯёни тоҷики курсҳои болоӣ, ки тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар Русия таҳсил мекунанд, ба таҳсил оғоз карда наметавонанд ва онҳоро хориҷ карданианд.

«Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Сергей Наришкин ҳамчунин маълумот дод, ки зимни тасвиби созишномаҳои дар боло зикршуда, вакилони парлумони Тоҷикистон аз нашри маводи бадномкунандаву аксаран носаҳеҳ дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар ВАО-и давлатии Русия изҳори нигаронӣ намудаанд», – зикр кард Султонов.

Қобили зикр аст, ки шоми рӯзи 6-уми октябр раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Имрӯз ӯ ҳамчунин бо раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев низ дидору гуфтушунид анҷом дода, нимаи дуюми рӯз раиси Думаи давлатии Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Тибқи барномаи сафар Наришкин аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон низ боздид хоҳад кард. Дар ин муассисаи таълимӣ ба ӯ унвони доктори фахрии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон супурда мешавад. Шоми имрӯз раиси Думаи давлатии Русия аз Душанбе ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек раҳсипор мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное