Идомаи сафари кории президент дар Бадахшон

Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим идома меёбад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ омад. Дар фурӯдгоҳи шаҳр меҳмони олимақомро бо самимияти олӣ ва шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва ободонии густурдаи […]

ASIA-Plus


Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим идома меёбад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ омад. Дар фурӯдгоҳи шаҳр меҳмони олимақомро бо самимияти олӣ ва шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва ободонии густурдаи ин гӯшаи баландкӯҳи Тоҷикистони азиз истиқбол гирифтанд.

Дар боғи наздикии фурӯдгоҳи Хоруғ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоишҳои бошукӯҳи кишоварзию фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар маърази ин намоишгоҳи бузург намунаҳои тамоми маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла меваю сабзавоти гуногун, аз қабили себ, нок, чормағз, тут, картошка, каду, помидор, гиёҳҳои сершумори шифобахш ва дорувории аз он омодашуда, анвои гуногуни нону кулча ва шириниҳои маҳаллӣ ба назар мерасид. Беш аз ҳама Кӯҳистони Бадахшон, албатта бо себҳои хушлаззаташ, ки 67 намуди он дар ин вилоят парвариш меёбад, картошкаи бенуқсон ва гиёҳҳои шифобахши худ шуҳрат дорад.

Қисмати муҳим ва ҷолиби ин намоишҳо, албатта бахши фарҳангии он буд, зеро Бадахшон ҳамчунин бо санъати волои мусиқӣ ва рақсу сурудҳои дилнавозаш шуҳрати зиёд дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дидани ин ҳама маҳсулоти хушлаззату бенуқсони кишоварзӣ ва намоишҳои фарҳангии мардуми хушсалиқаи Бадахшон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои ҳифзи ин ҳама зебоию сарватҳо ва афзоиши бештари онҳо ба масъулин дастур ҳидоятҳо дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.