Мусобиқоти нахусти байнулмилалии шоҳмот дар Тоҷикистон тӯли 15 соли ахир

spot_imgspot_img

Дата:


Аз 11 то 21-уми октябр дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии шоҳмот (ФИДЕ) мусобиқоти шоҳмот баҳри дарёфти Ҷоми Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Ҷамшед Исоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин мусобиқот соли 2011 бо ташаббуси президенти ФИДЕ Кирсан Илюмжинов ташкил гардида, мусобиқоти нахуст худи ҳамон сол дар Тошканд ва мусобиқоти минбаъда дар Қирғизистон доир гардид. «Иштирокчиёни мусобиқоти сеюми Ҷоми Осиёи Марказӣ оид ба шоҳмотро шаҳри Душанбе ба ҳузур мепазирад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, мусобиқот таҳти раҳбарии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон сурат гирифта, дар он иштироки намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар назар буд.

«Айни замон иштироки худ дар мусобиқотро 11 нафар шоҳмотбозони дараҷаи олӣ аз Ӯзбекистон, 6 нафар аз Қазоқистон ва 3 нафар аз Қирғизистон тасдиқ намуда, бинобар мушкилоти дастрас намудани раводид шоҳмотбозони Туркманистон ба Душанбе омада наметавонанд», – зикр кард Исоев.

Номбурда ҳамчунин гуфт, шоҳмотбозони Афғонистон низ ба мушкили дастрасии раводид дучор буда, шумори умумии ҳайати онҳо ҳанӯз маълум нест. «Тоҷикистон ба пешниҳоди беш аз 20 нафар шоҳмотбозон барои иштирок дар ин мусобиқот имкон дошта, ҳамчунин дар ин мусобиқот грссмейстер Фаррух Амонатов низ ширкат хоҳад варзид, ки аз Маскав ба Душанбе омад», – изҳор кард ӯ.

Ба қавли Ҷамшед Исоев, ин нахустин мусобиқоти байнулмилалии шоҳмот дар Тоҷикистон тӯли 15 соли ахир аст. «Мусобиқоти охирини байнулмилалӣ дар Тоҷикистон соли 1998 барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон доир гардида буд», – афзуд дабири кулли Федератсияи шоҳмоти ҷумҳурӣ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми умумии мукофотпулии мусобиқот 25 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби президенти ФИДЕ таъмин карда мешавад. Аз ин маблағ 90% барои мукофотпулии иштирокчиён ва 10% барои мукофотпулии ҳайати доварон масраф мегардад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...