Нозирони ИДМ дар маъракаи интихоботи президенти ҶТ ба Душанбе меоянд

Гурӯҳи нозирони дарозмуҳлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон шоми имрӯз ба Душанбе меоянд. Аз КМИР ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба гурӯҳ муовини раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Владимир Горбун роҳбарӣ намуда, ба ҳайти гурӯҳ ҳамчунин муовини роҳбари ситоди гурӯҳи нозирон аз ИДМ Олек […]

Аваз Юлдошев


Гурӯҳи нозирони дарозмуҳлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон шоми имрӯз ба Душанбе меоянд.

Аз КМИР ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба гурӯҳ муовини раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Владимир Горбун роҳбарӣ намуда, ба ҳайти гурӯҳ ҳамчунин муовини роҳбари ситоди гурӯҳи нозирон аз ИДМ Олек Кулеба низ шомил аст.

Дар интихоботи президенти Тоҷикистон, ки ба санаи 6-уми ноябр таъин шуд, аз иштироки беш аз 700 нафар нозирони байнулмилалӣ интизорӣ меравад.

Роҳбари Дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки онҳо аз иштироки гурӯҳи нозирон аз САҲА, ИДМ, СҲШ ва намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе интизорӣ доранд.

Ӯ ёдовар шуд, ки дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2006 дар Тоҷикистон 536 нафар нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла аз САҲА – 254 нафар, ИДМ – 167 нафар, СҲШ – 17 нафар ва аз намояндагиҳои дипломатӣ – 86 нафар ҳузур доштанд.

Додоев илова намуд, ки дар маъракаи интихоботии парлумонии соли 2010 дар Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 25 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ низ ширкат варзида, интизорӣ меравад, ки дар маъракаи интихоботи президент шумори онҳо бамаротиб зиёд хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.