Соати 15:00-и имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон номзадии раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров, намояндаи ҲКТ Исмоил Талбаков ва раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмоновро расман ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ ба қайд гирифтанист. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР ҶТ хабар доданд.
Қаблан бо қарори КМИР раиси ҲХДТ, президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи ҲАТ, академик Толиббек Бухориев ва раиси ҲИИТ, профессор Олимҷон Бобоев расман ҳамчун номзад ба мақоми президенти мамлакат ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамзамон 15 нафар шахсони боэътимоди онҳо, ки барои бақайдгирӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод гардида буданд, ба сифати шахсони боэътимод барои гузаронидани маъракаи интихоботии номзадҳо, ташвиқот бурдан ва ҳимояи манфиатҳои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайд гирифта шуданд.
Имрӯз соати 18:00 ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳои пешбаришуда ба мансаби президентӣ ба охир мерасад.
«То ин замон ситоди пешазинтихоботии номзади аз ҲНИТ пешбаришуда Ойниҳол Бобоназарова бояд ба КМИР 210 ҳазор имзои интихобкунандагон ба ҷонибдории номзадашонро пешниҳод кунанд ва соати 18:00-и пагоҳ муҳлати бақайдгирӣ ба итмом мерасад», – гуфт як манбаъ аз КМИР.







