Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон вазири корҳои Хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсев дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои департаменти иттилоооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот дабири кулли СҲШ ба вазир барои ташкили вохӯрии ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар сатҳи зарурӣ дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмон изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар навбати худ Ҳамрохон Зарифӣ изҳори итминон кард, ки шиори ҷониби раёсатро ба ӯхда дошта таҳти унвони «Ҳамкорӣ, рушд ва шукуфоии муштарак» пурра дар амал татбиқ хоҳад шуд.



