Рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 21-уми октябр президенти Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, нимаи аввали рӯзи 21-уми октябр дар шаҳри Душанбе гуфтушунидҳои Тоҷикистону Афғонистон дар сатҳи баланд доир мегарданд.
«Дар Кохи миллат пас аз анҷоми дидору гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон маросими баимзорасии бастаи созишномаҳои ҳамкории дуҷониба баргузор мешавад», – гуфтанд дар ВКХ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ба масоили таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, транзити молу коло ва хизматгузориҳо ва густариши ҳамкориҳо миёни мақомоти интизомӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.



