«Чораҳои қатъӣ»-и Талбаков оид ба ҷудосозии дин аз давлат дар сурати пирӯзӣ


Дар вохӯрии чанде қабл бо интихобкунандагони ноҳияи Синои пойтахт номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков гуфтааст, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро аз 2 то 1 сол кам карданист.

Ғайр аз ин, ӯ ваъда додааст, ки дар сурати ғолиб омадан дар интихоботи президентӣ, нисбат ба ҷудосозии дин аз давлат ва мактаб аз масҷид «чораҳои қатъӣ» хоҳад андешид. «Мардум бояд донад, ки муллогӣ касб нест ва бо хондани дуову ибодат таъмин кардани рӯзгори оила худ як гуноҳ аст», – иброз доштааст муовини раиси ҲКТ.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар сурати ғалаба ишғоли мансабҳои давлатӣ барои хешону наздиконашро манъ мекунад. Ба андешаи ӯ, даромади сарвари давлат ва дастаи ӯ бояд ҳарчи бештар шаффоф бошанд.

«Ба сифати президент ман оид ба қабули қонун «Дар бораи масъулияти фарзандон дар нигоҳубини падару модарони пиронсол» ташаббус нишон медиҳам. Ғайр аз ин, ман ният дорам, ки назорати шиносномавӣ дар пойтахтро пурзӯр намуда, шахсони аз манотиқи кишвар ба Душанбе омадаву бо меҳнати ғайриқонунӣ ва ба дуздиву гадоӣ машғулро аз шаҳр хориҷ созам», – гуфтааст ба интихобкунандагон Талбаков.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное