Ҳайит: Имзоҳои ба ҷонибдории Бобоназарова ҷамъшуда сӯзонида мешаванд

Пас аз интихоботи президентӣ рӯйхати имзоҳои ба ҷонибдории номзад аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова ҷамъоваришуда сӯзонида хоҳад шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Маҳмадалии Ҳайит, роҳбари ситоди пешазинтихоботии номзад Ойниҳол Бобоназарова хабар дод. «Мо намехоҳем, ки имзоҳо ба дасти шахсони бегона афтанд. Зимни маъракаи имзоғундорӣ дар чанде аз минтақаҳо ҳукуматдорон талаб карданд, ки онҳоро ба […]

ASIA-Plus


Пас аз интихоботи президентӣ рӯйхати имзоҳои ба ҷонибдории номзад аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова ҷамъоваришуда сӯзонида хоҳад шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Маҳмадалии Ҳайит, роҳбари ситоди пешазинтихоботии номзад Ойниҳол Бобоназарова хабар дод.

«Мо намехоҳем, ки имзоҳо ба дасти шахсони бегона афтанд. Зимни маъракаи имзоғундорӣ дар чанде аз минтақаҳо ҳукуматдорон талаб карданд, ки онҳоро ба варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо шинос намоем, якчанд варақаҳо дарронидаву гум шуданд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо сӯзонида шуда, ин иқдом дар васоити ахбори умум инъикос хоҳад ёфт.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, то субҳи рӯзи 11-уми октябр номзад аз ҲНИТ ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова миқдори зарурии имзоҳо ба ҷонибдории худ – 210 ҳазор имзоро ҷамъоварӣ карда натавонист. Роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, ки номзади ҲНИТ Бобоназарова аз маъракаи интихоботӣ хориҷ карда мешавад.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.