Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар арафаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар шаҳри Минск иштирок намуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба доираи васеи ҳамгироии мутақобила дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, як қатор ҳуҷҷатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки ҷиҳати таъмиқи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таъмини амният ва ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи гуманитарӣ дар бар мегиранд.
Гуфта мешавад, аз ҷумла, масъалаҳои омодагӣ ба ҷашнгирии 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945), ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳод дар соҳаи сайёҳӣ то соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаи чораҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, хариду фурӯши одамон тасдиқ гардид.



