Иштироки Э.Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои ИДМ

Рӯзи 25-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск, пойтахти Ҷумҳурии Белорус баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти мтабуои сарвари давлат, барои иштирок дар ин ҳамоиш, сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова, Украина, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, намояндагони Қирғизистону Туркманистон ва […]

ASIA-Plus


Рӯзи 25-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск, пойтахти Ҷумҳурии Белорус баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти мтабуои сарвари давлат, барои иштирок дар ин ҳамоиш, сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова, Украина, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, намояндагони Қирғизистону Туркманистон ва Президенти кишвари мизбон Белорус ҷамъ омаданд.

Дар ҷаласа 14 масъала баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, дигар масоили ҳамгироии гуманитарӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ зоҳир гардид. Соли 2015 соли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 эълон гардид.

Тавре зикр гардид, то соли 2015 барои мукофотонидани собиқадорони ҷанг ордену медалҳои ҷашнӣ таъсис дода мешавад.

Пас аз анҷоми кори ҳамоиш шоми дирӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе баргашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.