Субҳи рӯзи якшанбе зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо аҳолии ноҳияи Фархор як духтарчаи се-чорсола, ки миёни пешвозгирандагон ҳузур дошт, ба сарвари давлат шикоят кард, ки ӯ хунук хӯрдааст.
Президент бо суханони «биё ман туро худам гарм мекунам» духтарчаро ба оғӯш гирифт. Дар навбати худ духтарча аз президент пурсид, ки «ӯ кисту» «аз куҷо» омадааст. Сарвари давлат посух дод, ки ман аз Душанбе ба Фархор омадаам ва ваъда дод, ки ӯро бо худ ба Душанбе мебарад. Ин вохӯриву суҳбати духтарча бо президент дар тамоми шабакаҳои давлатии телевизионӣ ҷумҳурӣ намоиш дода шуд.
Президент ба шахсони ӯро ҳамроҳикунанда муроҷиат намуда, изҳор кард, ки кӯдакони хурдсолро ба чунин чорабиниҳо ҷалб насозанд.
Қобили зикр аст, ки ахиран зимни сафари сарвари давлат ба манотиқи кишвар мақомоти маҳаллӣ омодагии зиёд мегиранд. Барои пешвози президент чорабиниҳои махсусе омода мегарданд, ки ба он аҳолии маҳаллӣ, аз ҷумла пиронсолону кӯдакон ва ҷавонон ҷалб карда мешаванд.
Моҳи октябри соли гузашта зимни ифтитоҳи нақби Шаҳристон бо иштироки президент пеш аз оғози маросим барфи тар борида, духтарони мактабхон, ки ӯро пешвоз мегирифтанд, либосҳои сабуки миллӣ дар бар доштанд.



