Иштироки сарвари давлат дар маросими тӯйи дастаҷамъона дар Восеъ


Аз субҳи имрӯз  сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ идома ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Восеъ нахуст бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи хусусии коркарди намак бо номи Хоҷа Муъмин ифтитоҳ ёфт.

Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмуд Ҳусейнов бунёд ёфтааст. Дар ин корхона, ки дар як шабонарӯз метавонад то 120 тонна намакро коркард намояд, 50 кас бо кори доимӣ ва то 30 нафари дигар бо корҳои мавсимӣ таъмин гардидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ёдноккунии намак, ки барои нигоҳ доштани сиҳҳатии мардум басо муҳим аст, сифати сатҳи ҷаҳонии маҳсулот ва ба содирот нигарондани он таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҳамчунин таъкид дошт, ки бояд иқтидори истеҳсолӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ афзун карда шавад.

Дар маркази ноҳияи Восеъ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими хайрияи тӯйи арусии 20 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 120 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд, ки ба таври дастаҷамъона ба роҳ монда шудааст, иштирок намуда, ба ҳар яки онҳо кумаки яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин кӯдакону наврасони аз падар ва ҳам модар ятиммондаи ноҳияи Восеъ, ки шумораашон 86 нафар аст, кумаки яквақтаи моддӣ расонда, туҳфаҳои хотиравӣ дод.

spot_imgspot_img

Популярное