Саодат Амиршоева аз мавқеи ҳамгиройии авруосиёии Путин ҳимоят кард


Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Саодат Амиршоева ва Мунаввара Кенҷаева дар кори мизи гирд таҳти унвони «Нақши ҳамгиройии минтақавӣ дар рушди рақобатпазирии кишварҳои Авруосиё ва таъмини ҳуқуқии он», ки рӯзҳои 22-27-уми октябр дар пойтахти Қазоқистон – Остона доир гардид, ширкат варзиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ С.Амиршоева изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ҳамеша раванди ҳамгиройӣ дар паҳнои пасошӯравиро ҷонибдорӣ мекунад.

Вакили парлумони Тоҷикистон аз ҷумла изҳор намудааст: «Дар вохӯрӣ бо аъзои маҳфили мубоҳисавии «Валдай» президенти Русия дуруст қайд кард, ки «Иттиҳоди авруосиёӣ лоиҳаи эмин нигоҳ доштани мутобиқати комили халқҳои паҳнои таърихии авруосиёӣ дар асри нав ва ҷаҳони нав аст».

«Бо сабабҳои таърихӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ташкили раванди ҳамгиройии авруосиёӣ Русия нақши калидӣ дошта, аз Русия ҷаҳиши инноватсионӣ, огаҳиҳо дар бораи ислоҳоти низомиро интизоранд, ки ба манфиатҳои миллии кишварҳои иштирокчии ҳамгиройии авруосиёӣ ҷавобгӯ бошад», – изҳор кардааст С.Амиршоева.

spot_imgspot_img

Популярное