Арзи сипоси Э.Раҳмон ба фаъолони ситоди пешазинтихоботии худ

Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз эълон гардидани натиҷаи расмии муовини якуми раиси ҲХДТ, раиси Ситоди марказии номзад ба мансаби президентӣ аз ҳизб Сафар Сафаровро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамар дар ҷараёни баргузории маъракаи муҳими сиёсии интихоботи президентӣ ба […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз эълон гардидани натиҷаи расмии муовини якуми раиси ҲХДТ, раиси Ситоди марказии номзад ба мансаби президентӣ аз ҳизб Сафар Сафаровро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамар дар ҷараёни баргузории маъракаи муҳими сиёсии интихоботи президентӣ ба аъзои Ситоди марказӣ, ситодҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, шахсони боэътимоди номзад, аъзои Фраксияи ҳизб дар парлумони ҷумҳурӣ, кулли аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ арзи миннатдорӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат инчунин изҳори боварӣ кард, ки ҳизбиён чун неруи пешбарандаи ҷомеа ҷиҳати татбиқи Самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ва таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб, ки барои таҳкими ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронда шудааст, мусоидат хоҳанд кард.

Зимнан зикр мегардад, ки муовини аввали Раиси ҲХДТ Сафар Сафаров президенти мамлакатро итминон дод, ки аъзои ҳизб бо кӯшишу талошҳои садоқатмандона ҳидоятҳои раҳнамунсози сарвари давлатро меҳвари фаъолияти худ қарор медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.