Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов дар ҳамоиши ҷаҳонии ҷараёнҳои чапгаро, ки имрӯз дар пойтахти Португалия – шаҳри Лиссабон ба кор оғоз мекунад, ширкат меварзад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲКТ Исмоил Талбаков хабар дод, дар ҳамоиши ҷаҳонии ҳаракатҳои коммунистӣ ва коргарӣ, ки то 14-уми ноябр идома меёбад, намояндагони ҳаракатҳои чапгарои беш аз 100 кишвари саросари ҷаҳон иштирок мекунанд.
«Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш раиси ҲКТ вазъ ва дурнамои ҳаракатҳои коммунистиро дар паҳнои пасошӯравӣ дар шароити буҳрони сартосарии иқтисодиву молиявӣ ба риштаи таҳлил хоҳад кашид», – иброз дошт Талбаков.







