Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маросими муаррифии ширкати «Камкабель»-и Русия баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаи мазкур дар ҳамдастӣ бо Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар доираи густариши бозори фурӯши маҳсулоти корхонаҳои русиягӣ созмон дода шуд.
Дар маросими муаррифӣ зикр гардид, ки ҳамкорӣ бо минтақаҳои Русия тадриҷан густариш ёфта, ҳарчи бештар ширкатҳои русиягӣ ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Дар ҷараёни маросими муаррифӣ СД-диск бо маълумоти муфассал дар бораи фаъолияти ширкат ва маҳсулоти тавлидии он манзури ҳозирин гардид. Зикр гардид, ки ширкат ба роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва гуфтушунидҳои мушаххас омода аст.
Қобили зикр аст, ки ҶДММ «Камкабель» беш аз 55 сол пеш дар шаҳри Перми Русия таъсис дода шуда, яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти ноқиливу (кабель) симӣ дар Русия ва ИДМ мебошад, ки номгӯи маҳсулоташ 35 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Маҳсулоти корхона ба 75 кишвари дунё содирот мешавад.
Гуфта мешавад, аз ҷониби Тоҷикистон дар маросими муаррифӣ намояндагони ширкатҳои узви ПСС ҶТ – ШСХК «Барқи тоҷик», ҶСК «Помир-Энерҷи», ҶДММ «Ганҷина», «Султони Кабир», ҶСК «Тоҷикэнергоснаб», намояндагони ПСС Афғонистон дар Тоҷикистон ва дигарон иштирок доштанд.




