Эҳсоси заминларзаи навбатӣ дар қаламрави Тоҷикистон

Шоми рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ эҳсос шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази обуҳавошиносии Душанбе хабар доданд, заминларзаи навбатӣ соати 21:30-и вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Маркази заминларза дар 140 километрии ҷануби ғарби пойтахт ва 25 километрии ҷанубу шарқи маркази мамурии ноҳияи Шаҳритӯс муқаррар гардидааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, қувваи […]

Пайрав Чоршанбиев


Шоми рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ эҳсос шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази обуҳавошиносии Душанбе хабар доданд, заминларзаи навбатӣ соати 21:30-и вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Маркази заминларза дар 140 километрии ҷануби ғарби пойтахт ва 25 километрии ҷанубу шарқи маркази мамурии ноҳияи Шаҳритӯс муқаррар гардидааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, қувваи заминларза дар марказ 5 балл, шаҳраки Шаҳритӯс – 4 балл ва шаҳри Душанбе – 2 баллро ташкил додааст. Аз хисороти расида ва талафоти ҷонӣ алҳол маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки тайи рӯзҳои ахир дар қаламрави Тоҷикистон

якчанд ҳодисаҳои заминларза

рух дод. Заминларзаи бештар шадид рӯзи якшанбе, соати 10:15-и вақти маҳаллӣ рух дода, ба деҳоти шаҳри Ваҳдат хисороти зиёд ба бор овард. Дар деҳоти назди шаҳри Ваҳдат бар асари заминларза 118 манзил пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар дида, 12 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.