Интиқоди Зуҳуров аз ҳисоботи БМТ оид ба пешгӯии сиёсати қарзиву пулӣ

Зимни баррасии пешгӯии сиёсати қарзиву пулии ҶТ дар соли 2014 ва ҳисобот дар бораи иҷрои он дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки миллӣ, раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон аз сиёсати қарзиву пулии низоми бонкии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Пас аз шунидани ҳисоботи раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов раиси палатаи […]

Аваз Юлдошев


Зимни баррасии пешгӯии сиёсати қарзиву пулии ҶТ дар соли 2014 ва ҳисобот дар бораи иҷрои он дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки миллӣ, раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон аз сиёсати қарзиву пулии низоми бонкии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Пас аз шунидани ҳисоботи раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов раиси палатаи поёнии парлумон изҳор намуд, ки сарфи назар аз маълумоти намояндагони низоми бонкӣ дар бораи афзоиши ҳаҷми қарзҳои додашуда ба аҳолӣ ва хоҷагии халқ, меъёри фоизҳо ба қарзҳои бонкӣ дар ҷумҳурӣ хеле баланд боқӣ монда, на ҳар кадоме аз қарзгирандагон метавонад онро саривақт ва пурра пардохт намояд.

«Ғайр аз ин, вақте шумо тасдиқ мекунед, ки дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ қурби асъори миллии тоҷикӣ – сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ ҳамагӣ ба андозаи 0,1% коҳиш ёфтаасту ин ҳам дар ҳолест, ки феълан ҳаҷми воридот нисбат ба содирот хеле зиёд буда, маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бозори дохиливу хориҷӣ рақобатпазир нест, ба гумони ман, маълумоти тасдиқи устувории қурби асъори миллӣ беасос аст», – иброз дошт Ш.Зуҳуров.

Дар идома ӯ низоми бонкии Тоҷикиситонро дар масъалаи назорат накардани истифодаи оқилонаи қарзҳои ҷудошуда аз ҷониби тоҷирони ватанӣ мавриди интиқод қарор дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.