Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил музди меҳнати номиналии пасттарин дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Шуъбаи иттилооти «Ведомости» менависад, музди меҳнати аз ҳама пасттарин – 4 ҳазору 864,73 рубли русӣ (705,38 сомонӣ) дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаст, ки нисбат ба Русия 6 маротиба камтар аст.
Ба иттилои манбаъ, суръати аз ҳама баланди афзоиши музди меҳнат дар Белорус ба қайд гирифта шудааст, ки 38,5%-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар Русия ба 13,3% баробар буда, оид ба Ӯзбекистон дар ин бора маълумот мавҷуд нест.
Гуфта мешавад, аз рӯи сатҳи миёнаи музди меҳнат Русияву Қазоқистон ва Белорус кишварҳои пешсаф мебоашнд, ки мутаносибан сатҳи музди миёнаи меҳнат дар онҳо ба 30 228,7, 23 887 ва 20 119,8 рубли русӣ баробар аст.
Коршиноси масоили иқтисодии Маркази таҳлили макроиқтисодӣ ва пешгӯии кӯтоҳмуҳлати Русия Игор Поляков дар ин робита изҳор намудааст, ки сатҳи рушди саноат ва истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон дар сатҳи зеле ночиз қарор доранд ва аз ҷумла маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое шомил аст, ки шумори зиёди муҳоҷирони кориаш дар Русия фаъолият доранд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ 718,70 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи августи ҳамин сол 12,8% ва моҳи сентябри соли гузашта 20,1% зиёдтар аст.
Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон музди меҳнати миёнаи моҳона дар Тоҷикистон 671,95 сомониро ташкил дод, ки дар муқиса бо ҳамин давраи соли гузашта 27,9% бештар мебошад. Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон ба 250 сомонӣ баробар аст.


