Анонс
– Дар чаҳорчӯби Ҳафтаи глобалии сартосарӣ (глобалӣ) дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт намоишгоҳ созмон дода мешавад, ки дар он тамоми аъзои Палатаи савдои амрикоӣ дар ҷумҳурӣ маҳсулот ва хизматгузориҳои худро ба маърази умум мегузоранд;
– Дар толори меҳмонхонаи «Меркурий» бо нишонаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Толстой 9 Конфронси дуюми байналмилалии «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳал» баргузор мегардад. Оғози кори конфронс соати 09:30;
– Машғулият барои СМИ дар мавзӯи «Пешниҳоде, ки наметавон онро рад кард» дар доираи лоиҳаи «Рушди ВАО-и қавӣ ва мустақил»-и Ассотсиатсияи миллии менеҷерон дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ. Оғоз соати 09:00;
– Конфронси дурӯзаи DAAD таҳти унвони «Захираҳои табиии маҳдуд – ҳудуди рушди иқтисод дар минтақаи Осиёи Марказӣ» дар Маркази исмоилияи Душанбе.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА
– 4.7733
сомонӣ;
1
евро
– 6.3854
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1495
сомонӣ.
Як рӯзи таърих
Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион.
1942
– Ифтитоҳи корхонаи коркарди нахи пахтаи Қистакӯз (феълан дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд).
1925-2001
– Зодрӯзи актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Маҳмуд Тоҳирӣ.
1938
– Мавлуди адабиётшинос Юсуф Акбарзода.
1951
– Зодрӯзи рӯзноманигор Шогунӣ Назриев.
1952
– Мавлуди нависандаи ҳаҷву зарофатгӯ Наҷмиддини Шоҳинбод.
1965
– Зодрӯзи олим Бозоралӣ Одинаев.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, танҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона барфи кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, танҳо дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ шабона барфи кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -2+3.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, танҳо дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ шабона боришоти начандон зиёд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +2+7.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои
тағйирёбанда,
шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3-8, рӯзона +3+8; дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона -3+2.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +4+6.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.
Дар шаҳри Кӯлоб
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барфи кӯтоҳмуддат, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +3+5.



