Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сармутахассиси нозироти андози Шаҳринав Субҳонқул Раҳимовро бо ҷурми ситонидани ришва дар ҳаҷми 200 доллари амрикоӣ дастгир кард.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар агентӣ иттилоъ доданд, ба сохтори мазкур аз номи Зарипов К. ариза пешниҳод шуд, ки дар он шаҳрванд аз ришваситонии боздоштшуда шикоят кардааст.
«Дар ариза қайд гардидааст, ки Субҳонқул Раҳимов барои аз қайди нозироти андоз баровардани Зарипов К. ва қаът кардани фаъолияти соҳибкории ӯ 200 доллар ба сифати пора талаб кардааст», – гуфт сарчашма.
Тибқи маълумоти агентӣ, нисбат ба Субҳонқул Раҳимов бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, яъне бо амали ришватситонӣ, парванда оғоз гардидааст.



