Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар чаҳорчӯби Ҳафтаи глобалии сартосарӣ (глобалӣ) дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт намоишгоҳ созмон дода мешавад, ки дар он тамоми аъзои Палатаи савдои амрикоӣ дар ҷумҳурӣ маҳсулот ва хизматгузориҳои худро ба маърази умум мегузоранд; – Дар толори меҳмонхонаи «Меркурий» бо нишонаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Толстой 9 Конфронси дуюми байналмилалии «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар чаҳорчӯби Ҳафтаи глобалии сартосарӣ (глобалӣ) дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт намоишгоҳ созмон дода мешавад, ки дар он тамоми аъзои Палатаи савдои амрикоӣ дар ҷумҳурӣ маҳсулот ва хизматгузориҳои худро ба маърази умум мегузоранд;

– Дар толори меҳмонхонаи «Меркурий» бо нишонаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Толстой 9 Конфронси дуюми байналмилалии «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳал» баргузор мегардад. Оғози кори конфронс соати 09:30;

– Машғулият барои СМИ дар мавзӯи «Пешниҳоде, ки наметавон онро рад кард» дар доираи лоиҳаи «Рушди ВАО-и қавӣ ва мустақил»-и Ассотсиатсияи миллии менеҷерон дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ. Оғоз соати 09:00;

– Конфронси дурӯзаи DAAD таҳти унвони «Захираҳои табиии маҳдуд – ҳудуди рушди иқтисод дар минтақаи Осиёи Марказӣ» дар Маркази исмоилияи Душанбе.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7733

сомонӣ;


1

евро

– 6.3854

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1495

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих

Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион.


1942

– Ифтитоҳи корхонаи коркарди нахи пахтаи Қистакӯз (феълан дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд).


1925-2001

– Зодрӯзи актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Маҳмуд Тоҳирӣ.


1938

– Мавлуди адабиётшинос Юсуф Акбарзода.


1951

– Зодрӯзи рӯзноманигор Шогунӣ Назриев.


1952

– Мавлуди нависандаи ҳаҷву зарофатгӯ Наҷмиддини Шоҳинбод.


1965

– Зодрӯзи олим Бозоралӣ Одинаев.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, танҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона барфи кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, танҳо дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ шабона барфи кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -2+3.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, танҳо дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ шабона боришоти начандон зиёд. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +2+7.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3-8, рӯзона +3+8;  дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона -3+2.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +4+6.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13. 


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барфи кӯтоҳмуддат, рӯзона бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +3+5.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.