Рӯзи 20-уми ноябри соли равон дар шаҳри Брюссел ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ дар назди ИА муаррифӣ гардиданд. Дар раъси ҳайати Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Литва Линас Линкявичюс қарор дошт.
Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ байни ИА ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои минтақавии Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаҳои маориф, волоияти қонун ва муҳити зист муҳокима карда, оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ табодули назар намуданд.
Перомуни ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ, раиси ҳайати Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо таҳияи муштараки Нақшаи амал оид ба рушди сармоягузорӣ ва савдо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро пешниҳод кард.
Баррасии чолишу хатарҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон, дар меҳвари муҳокимарониҳои вохӯрии вазирон буд. Дар маҷмӯъ, иштирокчиёни вохӯрӣ ба як мавқеъ расиданд, ки масоили амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бо вазъият дар Афғонистон робитаи қавӣ дорад ва қазияи Афғонистон ҳалли ҳарбиро надорад.
Дар рафти муҳокимаи вазъият дар Афғонистон иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ таъкид намуд, ки амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон бояд бо чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ таҳким дода шавад. Дар ин қарина, Ҳ.Зарифӣ ба иштирокчиёни вохӯрӣ дар бораи ташаббуси қаблан эълоншудаи Тоҷикистон доир ба бунёди маркази минтақавии бисёрсоҳа оид ба омодасозии кадрҳо барои Афғонистон дар Душанбе ёдовар шуд ва аз шарикони аврупоӣ даъват намуд, ки дар лоиҳаҳои сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ СASA-1000, роҳи оҳани тавассути Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон убуркунанда, инчунин дар лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, ки ба ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳсозии сатҳи зиндагии мардуми минтақа нигаронида шудаанд, фаъолона ширкат варзанд.




