Кумаки ҳарбӣ-техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳафтаи гузашта қонун «Дар бораи тасдиқи Созишномаи миёни ҳукумати Қазоқистон ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи кӯмаки ҳарбӣ-техникии бебозгашт»-ро ба имзо расонид. Созишномаи мазкур миёни ҳукуматҳои кишварҳо санаи 15-уми апрели соли 2013 дар Душанбе ба тасвиб расида буд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлати Қазоқистон, мутобиқи шартҳои созишнома, Қазоқистон ба Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳафтаи гузашта қонун «Дар бораи тасдиқи Созишномаи миёни ҳукумати Қазоқистон ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи кӯмаки ҳарбӣ-техникии бебозгашт»-ро ба имзо расонид.

Созишномаи мазкур миёни ҳукуматҳои кишварҳо санаи 15-уми апрели соли 2013 дар Душанбе ба тасвиб расида буд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлати Қазоқистон, мутобиқи шартҳои созишнома, Қазоқистон ба Тоҷикистон ба сифати ба ихтиёри ин кишвар ройгон супурдани амволи низомӣ, аз қабили тиру муҳимот, норинҷакҳои дастӣ ва равғани молиданӣ барои аслиҳа кумаки ҳарбиву техникӣ мерасонад.

Гуфта мешавад, то ба Душанбе расонидани амволи низомиро Қазоқистон ба дӯши худ мегирад. Дар банди 5-уми созишнома муқаррар шудааст, ки амволи низомии аз Қазоқистон дастрасшуда ва ҳуқуқҳо ба истифодаи онро Тоҷикистон ба ихтиёри ҷониби сеюм намедиҳад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.