Иштироки Кабирӣ ва Бобоназарова дар конфронси бедории исломӣ дар Бишкек

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, номзади пешбаришуда аз ҲНИТ ба мансаби президенти Тоҷикистон дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Бедории исломӣ дар Осиёи Марказӣ» дар Бишкек ширкат варзиданд. Дар пойтахти Қирғизистон Муҳиддин Кабирӣ ва Ойниҳол Бобоназарова бо муҳоҷирони тоҷики муқими шаҳри Бишкек ва ҳамчунин вакили парлумони Қирғизистон Турсунбой […]

ASIA-Plus


Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, номзади пешбаришуда аз ҲНИТ ба мансаби президенти Тоҷикистон дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Бедории исломӣ дар Осиёи Марказӣ» дар Бишкек ширкат варзиданд.

Дар пойтахти Қирғизистон Муҳиддин Кабирӣ ва Ойниҳол Бобоназарова бо муҳоҷирони тоҷики муқими шаҳри Бишкек ва ҳамчунин вакили парлумони Қирғизистон Турсунбой Боқируғлу дидору гуфтушунид анҷом доданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни суханронӣ дар конфронс М.Кабирӣ зикр кардааст, ки «мо аз натиҷаи интихобот руҳафтода нестем ва касоне, ки барои як интихобот ва ё як шахс ба саҳна меоянд, сиёсат ҷои онҳо нест».

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот бо муҳоҷирон О.Бобоназарова бо лаҳни танзомез гуфтааст: «Хайрият, Вазорати дифоъ тонкҳояшро набаровард, дигар ҳама вазорату ниҳодҳои хукуматӣ муқобили мо буданд. Бинобарин, 202 ҳазор имзо барои ман хеле боарзиш аст». 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.