Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Санкт-Петербург

Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия раҳсипор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар шаҳри Санкт-Петербург ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар кори ҷаласаи навбатии Шӯро ва иҷлосияи 39-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия раҳсипор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар шаҳри Санкт-Петербург ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар кори ҷаласаи навбатии Шӯро ва иҷлосияи 39-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Ассамблеияи байнипарлумонии кишварҳои узви СААД ширкат меварзад.

«Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин дар конфронс таҳти унвони «Амнияти ядроӣ дар ҷаҳони муосир ва нақши парлумонҳо дар раванди даст кашидан аз аслиҳаи ядроӣ ва паҳн кардани он» иштирок ва суханронӣ хоҳад кард», – зикр кард Султонов.

Ба гуфтаи номбурда, дар ҷараёни сафар як қатор дидору гуфтушуниди дуҷонибаи Ш.Зуҳуров бо раисони парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ низ дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.