Дархости адвокатҳои собиқ корманди ШВКД ноҳияи Ёвонро суд рад кард

Дар ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии парвандаи собиқ корманди Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон ба иттиҳоми истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ адвкоатҳо дар бораи ивази судяи суди шаҳри Қӯрғонтеппа Бахтиёр Искандаров дархост пешниҳод карданд. Талбон Сафаров, адвокати собиқ корманди Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддахои 143, […]

Сайраҳмон Назриев


Дар ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии парвандаи собиқ корманди Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон ба иттиҳоми истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ адвкоатҳо дар бораи ивази судяи суди шаҳри Қӯрғонтеппа Бахтиёр Искандаров дархост пешниҳод карданд.

Талбон Сафаров, адвокати собиқ корманди Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддахои 143, қ. 1, замим. 1 (Шиканҷа) ва 316, қ. 1 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ айбдор дониста мешавад, дар ин робита зикр кард, ки суд парвандаро якҷониба баррасӣ карда, далелу дархостҳои онҳоро ба инобат намегирад.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиа Алишер Қосимов дар суханронии худ далелҳои овардаи ҷониби ҳимояро беасос хонда, онҳоро рад кард. Судя Бахтиёр Искандаров дархости адвоатҳоро рад намуда, баррасии парвандаи ҷиноиро идома дод.

Аввали ҳамин моҳ адвокатҳои Машраф Алиев изҳор намуда буданд, ки зерҳимояи онҳо

муддати 7 моҳ ғайриқонунӣ

дар маҳбас қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 24-уми сентябр дар ҷануби кишвар

бознигарии парвандаи

собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиев, ки бо ҷурми истифодаи шиканҷа нисбат ба як ноболиғ айбдор дониста шудааст, оғоз гардид.

Ёдовар мешавем, ки сокини ноболиғи деҳаи Кулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон 29-уми апрел дар манзили истиқоматиаш дар ҳоли худро ба дор овехтан пайдо карда шуд. Наздиконаш писарбачаро аз банд берун оварда, дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Тафтишот муайян сохт, ки чанде қабл корманди милисаи маҳаллӣ бо гумони даст доштан дар дуздӣ, ӯро ба утоқи кориаш даъват намуда, писарбачаро таҳқиру дашном дода, ба хотири гирифтани гувоҳии иқрорӣ латукӯб кардааст. Бино ба маълумоти тафтишот, ноболиғ баъд аз муносибати дағалонаи корманди милиса даст ба худкушӣ задааст.

Санаи 7-уми сентябри соли 2012 додгоҳи ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро гунаҳкор дониста, ба 7 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Аммо додгоҳи вилояти Хатлон дар асоси эътирози раиси Суди олии ҶТ ҳукми додгоҳи Ёвонро бекор кард, зеро ба ақидаи ӯ, ҳукм нисбат ба Машраф Алиев сабук аст. Бо назардошти эътирози мазкур парвандаи ҷиноятӣ ба тафтиши дубора фиристода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.