Дар изҳороти имрӯз интишорнамудаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи гуфтушунидҳои Эрон бо гурӯҳи давлатҳои «5+1» зикр мегардад, ки ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гурӯҳи давлатҳои «5+1» дар масоили барномаи ҳастаии ин кишвар хушҳолкунанда аст.
«Аз як ҷониб эътироф намудани ҳаққи мусаллами Эрон ба татбиқи барномаи мусолиматомези ҳастаӣ ва аз ҷониби дигар лағв намудани бархе аз таҳримҳои нисбати ин кишвар татбиқшуда омилҳои мусбати ин тавофуқ ба назар мерасанд», – баён мегардад дар изҳорот.
Дар идома гуфта мешавад, «Тоҷикистон ин иқдомоти аввалинро бо қаноатмандӣ истиқбол намуда, умедвор аст, ки марҳилаҳои минбаъдаи гуфтушунидҳо ба ҳаллу фасли ниҳоии ин қазия мусоидат намуда, барои тақвияти сулҳу субот дар ин минтақаи ҳассос заминаи хубе хоҳанд шуд».



