Боздошти ду нафар сокинони Ёвон бо беш аз 10 кило маводи мухаддир

Ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокинони ноҳияи Ёвон – Сироҷиддин Ашӯрови 30-сола ва Зикрулло Шарифови 43-сола боздошт шуданд. Бино ба иттилои ВКД ҶТ, онҳо ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ боздошт гардидаанд. «Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 8 килою 680 грамм маводи […]

ASIA-Plus


Ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокинони ноҳияи Ёвон – Сироҷиддин Ашӯрови 30-сола ва Зикрулло Шарифови 43-сола боздошт шуданд.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, онҳо ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ боздошт гардидаанд.

«Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 8 килою 680 грамм маводи нашъадори «афюн», 1 кило маводи «бангдона» ва 1 кило «ҳашиш», ҷамъ ба миқдори 10 килою 680 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира карда шуд», омадааст дар хабари ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон)   парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.